Вазири мудофиаи Тоҷикистон ба Эрон рафтааст
Эмомалӣ Собирзода, вазири мудофиаи Тоҷикистон, ки тақрибан се моҳ пеш ба ин мақом таъйин шуд, дар раъси як ҳайат ба Эрон рафтааст.
Мақомоти Тоҷикистон дар ин замина хабар надоданд.
Ба гузориши расонаҳои Эрон, ӯ рӯзи 14-уми апрел бо волии Форс ва рӯзи 15-уми апрел бо вазири дифои Ҷумҳурии Исломӣ мулоқот кард.
Ҷузъиёти суҳбатҳои ду тараф дастрас нест.
Бар асоси он чи расонаҳои Эрон навиштанд, Эмомалӣ Собирзода ва ҳамтои эронияш Амир Насирзода ба ҳамкории бештар, талошҳои муштарак дар мубориза бо терроризму ифротгароӣ...