Исломобод аз Эрон хост, омилони қатли 8 покистониро боздошт кунад
Дафтари Шаҳбоз Шариф, нахуствазири Покистон, рӯзи 13-уми апрел кушта шудани ҳашт коргари покистонӣ дар Эронро маҳкум кард ва аз Теҳрон хост, омилони ин ҳодисаро боздошт кунад ва ҷазо диҳад.
Тибқи маълумоте, ки Радиои Фардо, бахши эронии Радиои Озодӣ нашр кард, шахсони мусаллаҳ рӯзи 13-уми апрел вориди як корхона дар шаҳри Маҳристон дар вилояти Сиистон ва Балучистон шуданд ва дасту пои коргарони покистониро, ки хоб буданд, бастанд ва сипас онҳоро тирборон карданд.
Вазорати корҳои хориҷии Эрон ин ҳамларо "террористӣ" хонд ва эълон кард...