"Се хона зарар дидааст." Мақомот заминларза дар Тоҷикистонро шарҳ доданд
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон аввалин маълумот дар бораи заминларзаи субҳи 13-уми апрелро расонаӣ кард. Аз Маркази идоракунии ҳолатҳои буҳронии КҲФ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, маркази заминларза дар 21-километрии ноҳияи Рашт ва дар ҳудуди Тоҷикистон буд.
Ба гуфтаи манбаъ, қувваи заминларза дар марказ 5 ва дар шаҳри Душанбе 3 дараҷаро ташкил дод.
Намояндагони Маркази идоракунии ҳолатҳои буҳронӣ гуфтанд, зарари расида аз ин ҳодисаро ҳисоб доранд.
"Тибқи маълумоти пешакӣ, дар ҳудуди ноҳияи Рашт се хона зарар дидааст.