"Ду писарамро ба артиш фиристодам, вале замин надоданд"
Як хонаводаи эҳтиёҷманд дар ноҳияи Масчоҳ иддао дорад, ки бо ваъдаи ҳукумати маҳаллӣ ду писарашонро ба хизмати ҳарбӣ фиристоданд, то як порча замини иловагӣ гиранд. Вале на танҳо ба ин оила замин дода нашуд, балки заминеро аз онҳо гирифтанд ва ба каси дигар доданд.