Нишасти "хатарнок"-и ҳавопаймои Эрон дар Фурудгоҳи Душанбе
Тибқи иттилои дарёфтии Радиои Озодӣ, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” рӯзи 10-уми апрел дар Фурудгоҳи Душанбе нишасти "хатарнок" анҷом додааст. Мақомоти Тоҷикистон ва ширкат дар ин бора расман шарҳе намедиҳанд.
Як манбаи боварбахши Радиои Озодӣ дар Оҷонси авиатсияи шаҳрвандии Тоҷикистон гуфт, ҳавопаймои ширкати “Вориш”, ки аз Теҳрон ба Душанбе меомад, соати 11:14 дар Фурудгоҳи Душанбе бо мушкил нишаст.
Ба гуфтаи ҳамсуҳбати мо, ҳамаи мусофирон ва халабонҳо солиманд. Сабаби ба мушкил фуруд омадани...