Шикасти мунтахаби наврасони Тоҷикистон аз Кореяи Шимолӣ
Дастаи мунтахаби футболи наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар бозии дувумаш дар қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2025 аз тими Кореяи Шимолӣ бо ҳисоби 0:3 шикаст хӯрд.
Бозии даври дувуми гурӯҳи «D» миёни дастаҳои мунтахаби наврасони Тоҷикистону Кореяи Шимолӣ шаби сешанбеи 8-уми апрел дар шаҳри Ҷиддаи Арабистони Саудӣ, дар варзишгоҳи “Шоҳзода Абдуллоҳ Спортс Сити Холл”, доир шуд.
Бозӣ бо бартарии комили футболбозони навраси кореягӣ сурат гирифт. Онҳо ҳарсе голро дар нимаи дувуми дидор ба самар расонданд. Ду голро Пак Кванг ...