Созиши нави Тоҷикистон ва Қирғизистон
Тоҷикистон ва Қирғизистон ба созиш расидаанд, ки шаҳодатнома ё парвонаи ронандагии ҳамдигарро эътироф мекунанд.
Радиои Озодӣ рӯзи 8-уми апрел бо матни созишнома шинос шуд.
Дар санад омадааст, ки шаҳрвандони Тоҷикистон ё Қирғизистон ҳангоми будубош дар хоки ҳамдигар бе супоридани имтиҳон шаҳодатномаи ронандагии худро иваз карда метавонанд.
Яъне, Тоҷикистон ҳуҷҷати ронандагони Қирғизистонро эътироф мекунад ва Қирғизистон ҳам ин корро бояд анҷом диҳад. Шарт танҳо ин будааст, ки шаҳрвандони ду кишвар...