"Агар виза ё муҳри кишвари дигарро дорӣ, аз Русия меронанд"
Ду муҳоҷири тоҷик дар суҳбат бо “Мигрант Медиа” шикоят карданд, ки баъди сафар ба кишварҳои дигар роҳашон ба Русия баста шуд. Шарҳи ҷониби Русия дастрас нест. Як ҳуқуқдони тоҷик гуфт, онҳое бо чунин мушкил дучор шудаанд, ки дар шиноснома виза ё муҳри кишварҳои исломиро доштанд ё давлатҳои ғарбиро.