UNICEF: Дар ҳамлаҳои охири Исроил беш аз 300 кӯдак кушта шудаанд
UNICEF, Бунёди ҳимоят аз кӯдакони Созмони Милал, ибрози нигаронӣ кард, ки дар 10 рӯзи гузашта дар ҳамлаҳои Исроил дар Ғазза беш аз 320 кӯдак кушта ва 609 тан захмӣ шудаанд. Нерӯҳои Исроил дар онҷо ҷангҷӯёни "Ҳамос"-ро нишон гирифтааст, ки Амрико ва Иттиҳоди Аврупо созмони террористӣ медонанд.
Ин ниҳод дар эъломияе дар вебсайти худ навишт, омор нишон медиҳад, ки пас аз шикасти оташбас дар Ғазза рӯзона ҳудуди 100 кӯдак кушта ё маъюб мешаванд.
Ба иттилои UNICEF, дар 18 моҳи гузашта дар Ғазза 15 ҳазор...