"Ҳар хонандаро маҷбур доранд, ки 150 сомонӣ супор"
"Ҳар хонандаро маҷбур доранд, ки 150 сомонӣ супор. Ин чӣ аст, мо намедонем ва имкони супоридани пулро ҳам надорем." Сафархон, сокини шаҳри Кӯлоб ва падари чанд мактабхон, бо баёни ин ҷумлаҳо дар бораи пулситонӣ барои барномаи "eKhonish" дар мактабҳо ба Радиои Озодӣ шикоят кард.