Имзои созишнома миёни Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбекистон
Раҳбарони Тоҷикистон, Узбекистон ва Қирғизистон созишномаро дар бораи нуқтаи пайванди марзҳои се кишвар имзо карданд. Маросим рӯзи 31-уми март дар вилояти Суғд баргузор шуд.
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ин рӯйдодро “бисёр муҳим” хонд. Ӯ гуфт, “мо дар Тоҷикистон ба муносибат бо Қирғизистон ва Узбекистон, ки бар пояи накӯҳамсоягӣ, баробарҳуқуқӣ, эҳтиром ва бо назардошти манфиатҳои ҳамдигар асос ёфтаанд, баҳои баланд медиҳем.”
Содир Ҷабборов, раисҷумҳури Қирғизистон ва Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури...