Нахуствазири Канада ба баргузории интихобот даъват кард
Дар Канада рӯзи 28 апрел интихоботи парлумонӣ баргузор мешавад. Дар ин бора рӯзи якшанбе нахуствазири нави ин кишвар Марк Карни хабар дод.
Ҳанӯз моҳи январ нахуствазири пешин Ҷастин Трюдо дар бораи зарурати барпо шудани интихобот бо сабаби ба истеъфо рафтани ӯ гуфта буд.
Карни рӯзи 10 март раиси нави ҳизби ҳокими Либералии Канада интихоб шуд ва дар натиҷа Трюдоро дар мақоми нахуствазирӣ иваз кард.
Карни, ки рӯзи якшанбе дар бораи зарурати интихобот сӯҳбат мекард, гуфт, ӯ барои мақоми нахуствазирӣ мубориза мебарад...