Порлумони Тоҷикистон созишномаи марзиро бо Қирғизистон қабул кард
Вакилони Маҷлиси Намояндагон, палатаи поёнии порлумони Тоҷикистон, 18-уми март, дар рӯзи охирини кори панҷсолаи худ созишномаи сарҳадиро бо Қирғизистон қабул карданд.
Дар ин рӯз ду ҳуҷҷати дигар дар бораи бунёду истифодаи роҳҳо ва дастрасӣ ба иншооти обу энержӣ дар марзи ду кишвар ҳам пазируфта шуд.
Аз рӯзи 19-уми март ҳайати нави вакилони порлумон ба кори худ сар мекунад.
Созишномаи марзии Тоҷикистон ва Қирғизистон рӯзи 13-уми март дар шаҳри Бишкек имзо шуд.
Ҳарчанд мақомоти Қирғизистон баъзе ҷузъиёти онро ошкор карданд...