Дар ҳамла ба сарбозон дар Покистон чандин кас куштаву захмӣ шудаанд Манобеи амниятӣ дар Кветта, маркази Балуҷистони Покистон, гуфтанд, дар таркише, ки дар ҷараёни ҳамлаи ҷангҷӯён рух дод, 11 сарбоз кушта ва 21 тани дигар захмӣ шудаанд. Ҳамла ба автобуси сарбозон рӯзи 16-уми март сурат гирифт. Артиши Покистон гуфт, ки билофосила ба ин ҳамла вокуниш нишон дод ва се ҷангҷӯро кушт. Масъулияти ҳамла ба сарбозонро гурӯҳи ҷудоихоҳ бо номи “Артиши озодибахши Балуҷ” ба уҳда гирифтааст. Ин гурӯҳ дар изҳороте, ки ба расонаҳо фиристод, иддао кардааст, ки дар ҳамла ба корвони... Читать полностью...