Истиқболи раҳбарони СММ, Чину Русия, Иттиҳоди Аврупо аз созиши марзии Тоҷикистону Қирғизистон Антонио Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид аз имзои созишномаи марзӣ байни Тоҷикистону Қирғизистон изҳори хушнудӣ ва аз он истиқбол кардааст. Стефан Дуярич, сухангӯи Антонио Гутерриш, рӯзи 13-уми март дар як баёнияи расмӣ гуфт: “Ӯ ҳарду кишварро барои ин дастоварди таърихӣ табрик мегӯяд ва раҳбаронро барои азму иродаи сиёсиашон дар поён додан ба раванди музокироте, ки даҳсолаҳо идома кард, ситоиш мекунад.” Дар баёния ҳамчунин омадааст, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид интизор дорад... Читать полностью...