Ҷоми AFC: "Абдиш -Ота" ба даври баъдӣ роҳ ёфт, "Равшан" ноумед шуд
Дастаи «Абдиш-Ота»-и Қирғизистон, ки дар даври панҷуми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC (Конфедератсияи футболи Осиё)-2023/24 дар Минтақаи марказӣ дар меҳмонӣ тими «Алтин Асир»-и Туркманистонро бо ҳисоби 4:2 шикаст дод, ғолиби гурӯҳи “Е” шуда, пешакӣ ба даври баъдии мусобиқот роҳ ёфт.
Бозӣ миёни “Алтин Асир” ва “Абдиш-Ота” шаби панҷшанбеи 30-юми ноябр дар варзишгоҳи “Ашқобод”-и шаҳри Ишқобод доир гардид.
Нимаи аввали дидор бо ҳисоби 2:0 ба нафъи мизбонон хотима ёфт. Голҳоро Нурмуродов дар дақиқаи 8-ум...