Толибон духтаронро аз донишҷӯ шудан маҳрум карданднд Вазорати маорифи Толибон дари Донишгоҳҳои хусусиро барои заноне, ки ба имтиҳонсупорӣ мерафтанд, бастааст. Дар номаи Толибон ба донишгоҳҳои хусусӣ гуфта шудааст, ки агар занонро ба имтиҳонсупорӣ роҳ диҳанд, дар додгоҳ посух хоҳанд дод. Дар Афғонистон 40 донишгоҳи давлатӣ ва 150 донишгоҳи хусусӣ амал мекунад. Имтиҳони қабул барои донишҷӯ шудан дар донишгоҳҳои Афғонистон охири моҳи феврал бояд баргузор шавад. Пештар, дар моҳи декабри соли 2022 Толибон вуруди донишҷӯдухтарон ба донишгоҳҳоро манъ карда буданд. Читать полностью...