Фармондеҳи нерӯҳои махсуси Толибонро куштанд Вазорати дифои Афғонистон гуфт, дар натиҷаи як амалиёт дар шарқи кишвар фармондеҳи неруҳои махсуси Толибонро куштанд. Ғафур Аҳмад Ҷовид -сухангӯи вазорат, рӯзи 20-уми декабр гуфт, ки Билол Задронро рӯзи 18-уми декабр дар вилояти Пактико маҳв кардаанд. Билол Задрон, фармондеҳи неруҳои махсус ва “Воҳиди сурх” -и Толибон дар вилоятҳои Ғазнӣ, Пактиё, Пактико, Хуст ва Лугар будааст. Ба қавли сухангӯи вазорати дифо, Билол Задрон дар ноамн кардани вазъ дар 5 вилояти шарқии Афғонистон нақши зиёд доштааст. Читать полностью...
Туроператоры назвали направления, куда россияне поедут отдыхать на майские праздники: некоторые страны удивили