Тюленья "Ы", валенки и babushkas: Почему иностранцам сложно жить в России – признания испанца и голландца
Ҳашт дастаи лигаи олӣ муборизаро дар чорякфинали Ҷоми Тоҷикистон-2021 идома медиҳад Аз рӯи натиҷагирии бозиҳои даври ҳаштякниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футбол, ки рӯзҳои 31-уми июл ва 1-уми август баргузор шуданд, ҳашт дастаи лигаи олӣ ба чорякфинал роҳ пайдо кард. «Эсхата»-и Хуҷанд ба дарвозаи дастаи меҳмон - «Саройкамар»-и Панҷ - се голи беҷавоб зад. Ҳисобро бозигари меҳмонон Хисрав Раҳимов дар оғози дидор боз кард. Ӯ тӯбро ба дарвозаи дастааш зад. Ду голи дигари мизбононро Акобир Тураев ва Амирҷон Раҳимов ба ҳадаф расонданд. «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода бозиро дар майдони худ ба «Хатлон»-и Бохтар бо ҳисоби 3:6 бохт. Читать полностью...