Беларус TV Belsat-ро “тундгаро” номид Додгоҳе дар Беларус телевизиони Belsat-ро, ки бо сармоягузории Полша кор мекард, “тундгаро” номид. Бастани дафтари ин телевизион дар Беларус як тадбири дигари мақомот дар амри саркӯби матбуоти озод ва ҷомеаи маданӣ мебошад. Вазорати умури дохилии Беларус рӯзи 27 июл гуфт, ки ба ҳар нафаре, ки хабарҳои Belsat-ро паҳн мекунад, ҷарима ваё ҳукми ҳабс таҳдид мекунад. Ин телевизион яке аз маъруфтарин пойгоҳҳои хабарии мухолифон аст, ки таҳаввулот дар Беларуси таҳти назари раҳбари худкома Александр Лукашенкоро аз наздик пайгирӣ мекунад. Читать полностью...