Эмомалӣ Раҳмон: "80% муҳоҷирон натавонистанд ба хориҷ раванд" Раиси ҷумҳури Тоҷикистон гуфт, ки дар соли 2020 бо сабаби баста будани роҳҳо, ҳудуди 80 дарсади муҳоҷирони тоҷик натавонистаанд ба хориҷ раванд. Дар ин бора Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 26-уми январ зимни ироаи паём ба порлумон изҳор дошт. Ба гуфтаи оқои Раҳмон, аз 460 ҳазор муҳоҷири тоҷик, танҳо 111 ҳазори онҳо тавонистанд барои кор ба беруни кишвар раванд. Эмомалӣ Раҳмон дар паёмаш берун аз варақ гуфт, чунин вазъ нишон медиҳад, ки дар дохили кишвар метавон муҳоҷиронро дар соҳаи саноат ва кишоварзӣ ба кор таъмин кард. Читать полностью...