Раимбек Матраимов насаби худу ҳамсарашро тағйир дод Муовини пешини раиси Хадамоти гумруки Қирғизистон, Раимбек Матраимов, баъди он ки номаш барои ба эҳтимоли ғайриқонунӣ аз кишвар берун бурдани садҳо миллион доллар дар феҳристи таҳримҳои Магнитскии Амрико ворид карда шуд, насаби худ ва ҳамсарашро тағйир дод. Сухангӯи Хадамоти қайди расмии Қирғизистон Дамира Азимбоева рӯзи 20-уми январ тасдиқ кард, ки Матраимов ва ҳамсараш Уулкан Турғунова номи падарии худро иваз кардаанд. Айни замон ӯ гуфт, ба хотири махфӣ будани нашри ҷузъиёти марбут ба маълумоти хусусӣ дар қонунҳои кишвар... Читать полностью...