Марде дар маркази Минск худсӯзӣ кард Марде, ки дар муқобили бинои ҳукумат дар майдони Истиқлолияти Минск худро оташ зад, дар ҳолати сангин ба беморхона интиқол дода шуд. Ин майдон аз моҳи август ба ин сӯ макони баргузории намоишҳои эътирозии серҷамъият бо талаби аз қудрат канор рафтани Александр Лукашенко гардидааст. Дар як навори видеоӣ 22-юми январ дида мешавад, ки марде оғуштаи оташ ба замин хоб аст ва дар паҳлӯяш як зарфе бо газ дида мешавад. Дар видео дида мешавад, ки ходимони полис барои хомӯш кардани оташ ба рӯи ӯ як кампале мепартоянд. Читать полностью...