Ҳайати мунтахаби Тоҷикистон ба бозиҳои дӯстона бо Урдун муайян шуд Ситоди мураббиёни мунтахаби Тоҷикистон таҳти сарварии Усмон Тошев рӯйхати бозигаронеро, ки барои омодагӣ ба бозиҳои дӯстона бо тими миллии Урдун даъват мешаванд, тасдиқ кард. Дар ин бора сомонаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар додааст. Ба иттилои манбаъ, ба рӯйхат 23 бозигар - 3 дарвозабон, 9 ҳимоятгар, 7 нимҳимоятгар ва 4 ҳамлагар шомиланд. Аз легионерҳо танҳо ду нафар - ҳимоятгари бошгоҳи “Бунёдкор”-и Тошканд Давронҷон Эргашев ва нимҳимоятгари дастаи “Намангон”-и Навбаҳор Эҳсони Панҷшанбе - ба дастаи мунтахаб даъват шудаанд. Читать полностью...