Ширкати амрикоии Moderna барои бақайдгирии воксинаи зидди COVID-19 ариза дод Ширкати амрикоии Moderna ба ниҳодҳои давлатии ИМА барои сабтиноми воксинаи зидди COVID-19 муроҷиат кард. Аризаи ширкати Moderna рӯзи 30 ноябр ба идораи бо номи Маъмурияти ИМА оид ба ғизову доруворӣ ирсол шуд. Раҳбари кулли ширкат Стефан Бансел гуфт, ки агар ин идора тасдиқ кунад, ки воксинаи сохтаи онҳо амну муассир аст, миллионҳо дона воксинаи аввал то миёнаҳои моҳи декабр ба дасти сокинони Амрико мерасад. Озмоишҳо собит кард, ки муассирияти воксинаи сохтаи Moderna 94,1 дарсад будааст. Ин воксина... Читать полностью...