Бритониё аз шурӯи барномаи эмкунии сокинон аз коронавирус хушбин аст Мақомот дар Бритониё гуфтанд, ки 2 миллион адад воксинаи зидди коронавирусро захира карданд ва ният доранд дар чанд ҳафтаи наздик барномаи эмкунии сартосариро ба роҳ монанд. Бритониё дар Аврупо яке аз осебдидатарин кишварҳо аз коронавирус буда, 58 ҳазор сокинаш бар асари ин вирус ҷон додаанд. Мақомот рӯзи 30 ноябр гуфтанд, ки умедворанд аввалин кишвар дар ҷаҳон мешаванд, ки эмкунии аҳолиро бар зидди вируси марговар ба роҳ мемонанд. Ҳукумат розӣ шуд, ки аз 7 истеҳсолкунандаи мухталиф беш аз 350 миллион дона воксина харида... Читать полностью...