Дар Туркманистон мубориза бо фурӯшандаҳои асъор сахттар шуд Дар Туркманистон мубориза бар зидди хариду фурӯши асъори хориҷӣ тақвият дода шудааст. Дар натиҷа қурби 1 доллари амрикоӣ, ки то ду ҳафта пеш дар "бозори сиёҳ" 23 манат буд, ба 25,6 манат расид. Болоравии қурби доллар нархи маҳсулотро ҳам дар бозорҳои Туркманистон 10-15 дарсад боло бурдааст. Чанд манбаъ гуфтанд, кормандони пулис рӯзҳои ахир мубориза бо саррофонро дар бозорҳои шаҳри Туркманобод сахттар кардаанд. Ба гуфтаи хабарнигори бахши туркмании Радиои Озодӣ, кормандони пулис саррофонро бо суханҳои қабеҳ аз бозор меронанд ва мегӯянд... Читать полностью...
«Наука в школе: реальность или иллюзия»: в Технопарке Физтех-лицея им. П. Л. Капицы эксперты выяснили, могут ли школьники заниматься наукой