Ҳукумати Туркманистон, сарфи назар аз зилзилаҳо, дар Ишқобод 35-ошёна месозад Ҳукумати Туркманистон тасмим гирифтааст, ки дар шаҳри Ишқобод бинои 35-ошёна бунёд кунад. Коршиносон мегӯянд, шаҳри Ишқобод зилзилахез аст ва бунёди бино ба ин баландӣ хатар дорад. Дар бораи сохтмони бинои 35-ошёна рӯзи 19 ноябр Мурод Непесоп, як масъули вазорати сохтмони ва меъмории Туркманистон хабар дод. Непесов гуфт, бинои 35-ошёна дар ҳудуди маҷмаи "Ишқобод-ситӣ" бунёд мешавад. Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, президенти Туркманистон соли гузашта аз бунёди маҷмааи тиҷории "Ишқобод-ситӣ" хабар дода буд. Читать полностью...