Мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар бозии дуюми дӯстона аз дастаи Узбекистон мағлуб шуд Дастаи мунтахаби наврасони то 16-солаи футболи Тоҷикистон дар бозии дувуми дӯстона аз мунтахаби наврасони Узбекистон (U-16) бо ҳисоби 1:2 шикаст хӯрд. Бозии дувуми дӯстона миёни дастаҳои мунтахаби наврасони то 16-солаи Тоҷикистон ва Узбекистон рӯзи панҷшанбе, 24-уми сентябр, дар варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»-и Хуҷанд баргузор шуд. Ҳисобро дар ин дидор Шаҳзод Акрамов, бозигари меҳмонон, дар дақиқаи 5-ум кушод. Хуршед Давлатзода, бозигари мизбонон, дар дақиқаи 42-юм аз пеналтӣ ҳисобро баробар кард. Читать полностью...
Туроператоры назвали направления, куда россияне поедут отдыхать на майские праздники: некоторые страны удивили