Дар Узбекистон равуо байни минтақаҳоро манъ карданд Дар Узбекистон равуои шаҳрвандон ба минтақаҳо, ҳатто ба ҷанозаи наздикон ва беморбинии пайвандон, манъ шуд. Дар ин бора Шоҳрух Ғиёсов, сухангӯи Вазорати умури дохилии Узбекистон хабар дод. Ба гуфтаи вай, маҳдудиятҳои карантин бо назардошти таҷрибаи ҷаҳонӣ ҷорӣ шудааст. "Ин талабот барои ҳама яксон аст. Ҳатто дар сурати марги наздикон ҳам шаҳрвандон наметавонанд аз як минтақа ба минтақаи дигар раванд", - гуфт Шоҳрух Ғиёсов. Вай илова кард, ки афроди бистарии беморхонаҳо баъди табобат гирифтан метавонанд ба маҳалли зисти доимии худ раванд. Читать полностью...