Муҳоҷирони тоҷик фурӯшандаи 400 «билети арзон»-ро меҷӯянд Беш аз 400 муҳоҷири тоҷики муқими шаҳри Санкт-Петербурги Русия иддао доранд, ки ба доми “аҳроми фиреб”-и як ҳамватаншон афтиданд аз 8 то 10 миллион рубли русӣ зиён дидаанд. Ба гуфтаи муҳоҷирони тоҷик, Маҳмуд Абдураҳмонов, ҷавони 29 сола, зодаи шаҳри Ваҳдати Тоҷикистон дар шаҳри Санкт-Петербург ба беш аз 400 нафар чиптаи зоҳиран қалбакии ҳавопаймо фурӯхтааст. Назари Маҳмуд Абдураҳмонов ба ин иддаои муҳоҷирон маълум нест ва то лаҳзаи нашри мақола ӯ барои Радиои Озодӣ “дастнорас” буд. Миёнраваҳо... Читать полностью...