Муҳаммад Солеҳ: "Аз мероси Каримов бояд на танҳо узбекҳо, балки тоҷикон низ халос шаванд" ВИДЕО Муҳаммад Солеҳ, раиси “Ҳаракати мардумии Узбекистон”, дар рӯзҳое, ки кишварҳои Аврупои Шарқӣ 30-юмин солгарди фурӯпошии Шӯравии пешинро таҷлил мекунанд, ба Прага омад. Ӯ дар интихоботи президентии соли 1991 дар Узбекистон рақиби Ислом Каримов буд ва соли 1994 кишварро тарк кард. Ҳоло дар хориҷа зиндагӣ мекунад. Муҳаммад Солеҳ ҳангоми сафараш ба Прага ба чанд суоли Радиои Озодӣ дар бораи вазъи ҳозираи Узбекистон ва равобити ин кишвар бо Тоҷикистон посух дод. Радиои Озодӣ: 25 сол мешавад, ки дар хориҷ аз Узбекистон зиндагӣ мекунед. Читать полностью...