Бархӯрди пулис бо эътирозгарон дар Фаронса Пулиси Фаронса барои пароканда кардани эътирозгароне аз гази ашковар истифода кард, ки бо нишони эътироз аз ислоҳоти нафақа ба кӯча баромада буданд. Ба навиштаи хабаргузориҳо, задухӯрд дар Порис ва Нанте рух дод, ки ҳазорон сокин дар ин ду шаҳр бо шиорҳо "Макрон роҳгум задааст" ва "Нафақаи моро нарасед", эътироз доштанд. Дар пойтахти Фаронса пулис баъди он аз газ истифода кард, ки эътирозгарон мошини борбареро чаппа ва оташ доданд. Рӯзи панҷшанбе дар саросари Фаронса эътирозҳои умумӣ сар шуд. Читать полностью...