Бузургтарин коршиканӣ дар Порис зидди ислоҳоти низоми нафақа Имрӯз дар Фаронса бузургтарин коршиканӣ ва эътироз бар зидди ислоҳоти низоми нафақа барпо хоҳад шуд. Аксари парвозҳои ҳавлпаймоҳо, ҳаракати қатораҳои роҳи оҳану автобусҳо ва ҳамчунон метрои шаҳри Париж лағв шудааст. Дар ин коршиканиву эътироз, ки бар зидди ташкили низоми ягонаи нафақа раҳандозӣ шудааст, кормандони мактабҳову шифохонаҳо низ ҳамроҳ мебошанд. Бар пояи низоми пешниҳодии ҳукумати зери раҳбари президенти Фаронса Эмануэл Макрон, намояндагони даҳҳо касбу корхонаҳои махсус имтиёз ва имкони нафақаи барвақтро аз даст хоҳанд дод. Читать полностью...