Тайи шаш моҳи аввали соли равон, аз моҳи январ то моҳи июн ҳудуди 10 ҳазор узбекистонӣ шаҳрвандии Русияро қабул кардаанд. Ҳамзамон беш аз 75 ҳазор узбекистонии дигар дар Русия бо иҷозатномаи будубоши доимӣ ба сар бурдаанд.
Радиои Озодлик рӯзи 20 сентябр бо такя ба сомонаи Вазорати умури дохилии Русия гуфт, аз моҳи январ то моҳи июни соли равон беш аз 2,2 миллион шаҳрванди узбекистон дар Русия дар қайди муҳоҷират гузошта шудаанд.
Дар ҳамин давра дар Русия беш аз 1,1 миллион узбекистонӣ кор карда...