Тоҷикистон ва Покистон машқҳои муштараки зиддитеррористӣ доир карданд
Рӯзи 9 август дар пойгоҳи "Фахробод", воқеъ дар ҷануби шаҳри Душанбе ва начандон дур аз марзи Афғонистон, машқҳои муштараки зиддитеррористии Тоҷикистон ва Покистон бо номи "Дӯстӣ-2", ба анҷом расид.
Шӯъбаи робитаи умумии артиши Покистон бо нашри хабарномае гуфт, ки ин размоиши шашрӯза, аз 4 то 9 август идома кард.
Ба иттилои манбаъ, дар ин размоиш ду дастаи ҷангии артиши Покистон ва чаҳор тими размии нерӯҳои вижаи Тоҷикистон, ширкат карданд.
Ҳадафи аслии ин тамрини муштарак, ислоҳи машқҳо, равияҳо...