Як фармондеҳи "Ҷиҳоди исломӣ" дар Димишқ кушта шудааст Созмони Дидбони ҳуқуқи башари Сурия таъйид кард, ки як фармондеҳи гурӯҳи "Ҷиҳоди исломӣ"-и Фаластин рӯзи якшанбеи 19-уми март дар атрофи шаҳри Димишқ, пойтахти Сурия ҳадафи ҳамла қарор гирифт ва кушта шуд. Шохаи низомии гурӯҳи фаластии “Ҷиҳоди исломӣ” низ эълом кард, Алӣ Рамзии 31-сола аз фармондеҳони ин гурӯҳ дар дар атрофи Димишқ ҷон бохт. Хабаргузории "Франс-пресс" гузориш додааст, ниманизомиёни ин гурӯҳ, ки аз сӯи Эрон ҳимоят мешаванд, Исроилро ба куштани фармондеҳи худ муттаҳам кардаанд. Читать полностью...