Қазоқистон интиқоли нафт ба Олмонро оғоз мекунад Вазири энержии Қазоқистон Болат Акчулаков гуфт, кишвараш дар нимаи аввали моҳи феврал ба Олмон бори нахуст дар ҳаҷми 20 ҳазор тонна нафт интиқол хоҳад дод. Ӯ пештар гуфта буд, ки интиқоли нафти Қазоқистон охирҳои моҳи январи соли равон ба Олмон оғоз мешавад. "Мо мехостем, ки то охири моҳи январи имсол интиқол диҳем, аммо мутаассифона, камбудиҳои техникӣ вуҷуд доштанд", - изҳор дошт вазири энержии Қазоқистон. Вай афзуд, ки "ҳамаи мушкилот рафъ шудааст" ва нафти Қазоқистон нимаи аввали моҳи феврали имсол ба Олмон интиқол дода хоҳад шуд. Читать полностью...
Стали известны дата и место проведения II Международного телевизионного конкурса детской авторской песни «Наше поколение»