Дар Қирғизистон аз эҳтимоли арзоншавии сӯзишворӣ хабар доданд Дар моҳҳои оянда қимати бензин дар Қирғизистон мумкин аст, 5-6 сом арзонтар шавад. Дар ин бора Оҷонси давлатии зиддиинҳисории он кишвар хабар медиҳад. Дар ин ниҳод гуфтанд, қимати сӯзишвории дизелӣ бетағйир боқӣ хоҳад монд. Ба иттилои оҷонси зиддиинҳисорӣ, қимати бензини навъи Аи-92 айни замон 59 сом аст. Дар моҳи декабр 60 сомро ташкил медод. Қимати сӯзишвории дизелӣ ҳоло 74 сом аст, дар моҳи декабр 75 сом буд. Моҳи августи соли 2022 воридкунандаи маҳсулоти нафтӣ дар Қирғизистон гуфтанд, сӯзишвории дизелӣ бояд гарон карда шавад. Читать полностью...
Федеральный девелопер: ЦФА позволят легко и просто накопить квадратные метры и "обернуть" их в квартиру
Федеральный девелопер: ЦФА позволят легко и просто накопить квадратные метры и "обернуть" их в квартиру